«Нақши тибби хусусӣ дар ташкили хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон». Таҳти чунин унвон, имрӯз дар Душанбе конфронси умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти кишвар баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватаниву хориҷӣ, ки ба истеҳсоли дору машғуланд иштирок намуда, маҳсулотҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. «Юрия Форм»-и Украина, «Гедеон- Рихтер»-и Маҷористон ва ҶДММ «Тиб барои Шумо»- и Тоҷикистон аз қабили ширкатҳое буданд, ки мардум бештар ба онҳо таваҷҷӯҳ доштанд.
Шаҳноза Ҳайдаралиева, намояндаи ширкати «Гедеон Рихтер» дар Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ин ширкат тақрибан 100 намуд дору истеҳсол мекунад, ки ҳамаи намудҳои он ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Номбурда афзуд, ширкати «Гедеон Рихер» тӯли 16 сол мешавад, ки бо давлати Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва дар таъмини мардуми ин кишвар ба доруҳои босифат ва нисбатан арзон нақши назаррас дорад.
{jathumbnail off}
Мӯҳр