Намоишномаи ҳамномро Нозим Меликов таҳия карда, дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар шаҳри Кишинёв ба намоиш гузоштааст.
Тибқи иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 27-уми ноябр, ин саҳнаро Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар чаҳорумин ҷашнвораи байналмилалии ҳунари театрӣ бо номи "Moldfest.Rampa.Ru" иҷро кард. Гуфта мешавад, ин намоишнома аз рӯйи асари Бозор Собир, шоири саршиноси тоҷик таҳия шуда ва қаблан дар ҷашнвораҳои байналмилалии театрӣ дар кишварҳои Эрон, Қирғизистон ва ҳамчунин дар бузургтарин ҷашнвораи театрии Тоҷикистон зери унвони "Парасту" ба намоиш даромада буд.
-Ҷашнвораи театрӣ дар Кишинёв 23-уми ноябр оғоз шуда ва то 30-уми ноябр идома хоҳад кард. Дар ин фестивал, дар баробари театри тоҷик, театрҳо аз Русия, Малдова, Украина, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Олмон, Исроил, Полша, Италия ва Эстония ширкат мекунанд,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр