Аз соати 10-и субҳи имрӯз воридшавӣ ба сомонаи ин агентии иттилоотии давлатӣ ғайриимкон аст.
Бо кӯшиши боз кардани www. khovar.tj ба рӯи муштариён саҳифаи интернет- провайдери «Тоҷнет» кушода мешавад. Садриддин Шамсиддинов, роҳбарии АМИТ «Ховар» ба Озодагон гуфт, ки сабаби боз нашудани саҳифаи онҳо танҳо мушкили техникӣ аст, ки баъд аз чанд лаҳза бартараф хоҳад шуд.
Дар ҳамин маврид, Рустам Маҷидов, коршинос ва як корбари фаъоли интернет мегӯяд, азбаски сомонаи мазкур дар хостинги "ТоҷНет" (ширкати Тоҷиктелеком) ҷойгир аст, ҳангоми бо ягон сабаб катъ шудани хадамоти хостинг ё домен, саҳифаи ин ширкат кушода мешавад: «Сабабаш метавонад гуногун бошад, аммо аксаран чунин ҳолат дар сурати насупоридани маблағ барои иҷораи фазои сервер (хостинг) ё домен ба вуқуъ меояд».
Ин дар ҳолест, ки аз рӯзи 25-уми ноябр дастрасӣ дар саросари Тоҷикистон ба шабакаи иҷтимоии Facebook низ маҳдуд шудааст.
Мӯҳр