Ин бонк тасмим дорад, роҳбарон ва кормандони филиалҳои худро барои таҷрибаомӯзӣ ба Олмон фиристад.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии «Тоҷиксодиротбонк», имсол бо дастгирии Вазорати федеролӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ҳамкориҳо миёни ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва Гурӯҳи молиявии “Шпаркассе” таҳти унвони “Роҳбарӣ ва идораи филиалҳо” семинар баргузор мешавад.
Дар семинар, ки аз 24 ноябр то 1 декабри соли равон дар Академияи хазинаҳои амонатгузорӣ дар шаҳри Валдтхаузен доир мешавад, 21 нафар кормандони “Тоҷиксодиротбонк” иштирок менамоянд.
Семинар тарҳи нави талабот оид ба идораи минтақавиро мавзӯи баррасӣ қарор медиҳад. Ҳамчунин таҳкимбахшии муносибот бо мизоҷони хусусӣ, асосҳои иртибот, шаклҳои муносибат бо мизоҷ, барномарезии иқдомот барои таъмини бозорёбӣ ва мавзӯъҳои дигари ба ин масъалаҳо алоқаманд мавриди омӯзишу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Мӯҳр