Пас аз истиқболи хуби хонандагони эронӣ бо романи "Шоҳи бе "шин" - асари Муҳаммадкозими Мазинонӣ, нависандаи эронӣ бахши асосии ин китоб ба забони русӣ тарҷума ва дар яке аз нашриётҳои машҳури Маскав ба чоп расид.
Ин романро Александр Андрюшкин ба забони русӣ тарҷума карда ва дар шумораи октябри соли 2012-и маҷаллаи "Адабиёти хориҷӣ" ( Зарубежная литература) ба чоп расондааст. Маҷаллаи "Зарубежная литература" таърихи 50- сола дорад ва ба тарҷумаву нашри осори адибони машҳури хориҷӣ мепардозад.
Пештар низ ин маҷалла романи ҳамин нависанда – "Поиз дар қатор"- ро мунташир намуда буд. Романи "Шоҳи бе "шин" - асари Муҳаммадкозими Мазинонӣ, нависандаи эронӣ аст,ки дар Эрон чанд ҷоизаро соҳиб шудааст. Романи мазкур дар бораи зиндагии Муҳаммадризои Паҳлавӣ, охирин шоҳи Эрон ҳикоят мекунад.(Манбаъ: "Форс").
Мӯҳр