Кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар фурудгоҳ интиқоли маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, аз ҷониби кормандони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт зимни амалиёт Зиёдулло Соҳибов, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Титов ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир карда шудааст.
Манбаъ инчунин афзуд, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи Зиёдулло Соҳибов 1 килою 978 грамм маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.
Айни замон аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200 қисми 4, банди «д»-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр