Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявии футболбозони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми СССР, ки тайи 4-рӯз идома дошт ба анҷом расид.
Дар ин мусобиқа, ки чор маротиба боз бо ибтикори Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ва нашрияи СССР баргузор мегардад, дастаи соҳибони майдон-тими «Равшан» пирӯз шуд.
Бино ба иттилои хабарнигори Озодагон, дар вохӯрии ниҳоӣ «Равшан» бо яке аз тимҳои пурқуввати наврасони кишвар- «Варзоб»-и Душанбе ба майдон баромада, бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад: «Дар мусобиқа шаш даста аз шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Кӯлоб, инчунин ноҳияҳои Мӯъминободу Восеъ иштирок намуданд. Дар анҷоми мусобиқа, ғолибон бо Ҷоми СССР ва медалҳои хурди тиллоӣ, инчунин барои варзишгарони беҳтаринидастаҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби масъулини сабқат тақдим гардид»
Мӯҳр