Райиси вилоят ахиран аз шаҳри саноатии Исфара боздид намуда, зимнан дар маросими ифтитоҳи корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушк ва маркази хизматрасонӣ дар мавзеи Гулистони ҷамоати деҳоти Кӯлканд иштирок намуд.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, корхонаи коркарди меваи хушки «Ҳаракати Исфара» бо ибтикори соҳибкор Инъомҷон Азимҷонов бунёд гашта, бо ба кор даромадани коргоҳи нав ин ҷо 20 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кор гаштанд.
«Коргоҳи дигари коркард ва бастубанди меваи хушк аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Неъматҳои табиати Исфара» таъсис ёфт, ки он барои 15 нафар ҷои корӣ фароҳам овардааст. Ин корхонаи нав бо технологияи муосири истеҳсоли Ҷумҳуриҳои Русия ва Украина таҷҳизонида шуда, асосан бо коркарди чормағзи заминӣ, тухми офтобпараст ва бандубасти вакуумии он сару кор дорад».
-Маҷмааи хизматрасонии «Нури Исфара» бошад, бо ташаббуси соҳибкор Сулҳиддин Неъматов дар ҷамоати деҳоти Кӯлканд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дорои меҳмонхона барои 20 нафар, ошхона ва дигар шароитҳои хуби замонавӣ мебошад. Дар маҷмӯъ дар ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара барои 60 нафар ҷои нави корӣ таъсис дода шуд,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр