Аз субҳи имрӯз даҳҳо нафар истифодабарандагони ин шабака натавонистанд, вориди он шаванд.
Наврӯз Қурбонов, яке аз фаъолони платформаи тоҷикии Facebook ба Озодагон гуфт: «Чанд маротиба кӯшиши ба шабака даромадан кардам, аммо бенатиҷа, намедонам ба чӣ сабаб он баста шудааст».
Дар ҳамин ҳол, ба зангҳои телефонии Озодагон аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон касе ҷавоб додан нахост.
Ёдрас менамоем, ин барои аввалин бор нест, ки дастрасӣ ба Facebook дар Тоҷикистон маҳдуд мегардад. Дар моҳи майи соли равон низ ин ҳолат ба миён омада буд ва масъулин ин амалро «бо сабабҳои техникӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ» унвон карда буданд.
Мӯҳр