Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар нишаст масоили тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Қазоқистон, фаъол намудани кори гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, густариши муносибот дар заминаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, захираҳои обӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, варзишу туризм мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зимни мулоқот Зуҳуров изҳор доштааст, ки байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Қазоқистон имконоти хеле зиёд ва фаровон барои тақвияти равобити байнипарлумонӣ вуҷуд дорад ва ба роҳ мондани рафтуомади намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба кишварҳои якдигар барои боз ҳам густариш пайдо кардани ин муносибот мусоидат намуда, дар самти истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода намудани қонун ва дигар санадҳо кӯмак хоҳад кард.
Раиси палатаи поёнии парлумони Қазоқистон ҷаноби Нурлан Нигматулин низ дар навбати худ хостори густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шуд ва илова намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии вохўрии роҳбарони парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасии масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо ба шумор меравад. Оқои Нигматулин, ҳамчунин афзуд, ки 4 декабри соли равон дар шаҳри Остона мизи мудавваре ба мавзўи Афғонистон бахшида мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон ба он даъват карда мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 21-уми ноябри соли равон барои иштирок дар нишасти СААД ба Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карда буданд.
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |