Ду нафар бо ҷурми таққалуби аснод ва ҳаннотӣ боздошт гардиданд.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати корҳои дохила иттилоъ доданд, Дилшода Шокироваи 33-сола, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даст ба таққалуби ҳуҷҷат зада, ширкати қарздиҳиро фиреб додааст. Тафтиш муайян кардааст, ки номбурда дар моҳи июни соли 2009 бо мақсади тасарруф намудани амволи ғайр бо ёрии шахсони дар тафтишот номаълум шаходатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк таҳти рақами ¹3989 сохтааст. Зимнан, шиносномаи техникӣ ба номи шаҳрванд Умеда Ҷалилова барои манзили истиқоматӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ хонаи 166, ҳуҷраи 47 омода кардааст. Сипас, Шокирова ҳуҷҷатҳои қалбакиро ба шакли гарави бозпасгардонии маблағи қарзӣ ба ҶСП «Вориси Замон» пешниҳод намуда, аз бонки мазкур 150.000 сомониро ба сифати қарз гирифта, сарфи маишати шахсияш кардааст.
Сӯҳроб Сафолов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ низ даст ба ҳаннотӣ зада, дар соли 2008 ба боварии шаҳрванд Ядвига Охунова даромада, манзили зисти ӯро 65.000 доллари амрикоӣ нархгузорӣ мекунад.Аз ин миқдор танҳо 15 ҳазорашро пардохт карда, хонаи ӯро бо суроғаи кӯчаи Испечак-2, М-13 ба номи худаш расмӣ мекунад. Сафаров тайи 3 соли ахир маблағи боқимондаро насупоридаааст. Феълан, ӯ аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ боздошт шуда, тафтиши қазия идома дорад.
{jathumbnail off}
Мӯҳр