Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири пойтахт сафири Фарсона дар Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруаро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Убайдуллоев гуфт, ки муносиботи ду кишвар дар соҳаҳои гуногун бо фаъолияти дипломати фаронсавӣ минбаъд низ рушд хоҳанд кард. Дар ин ҷараён масъалаи сохтмони бинои нави сафоратхонаи Фаронса дар шаҳри Душанбе ва ҷалбу тавсеаи фаъолияти ширкатҳои фаронсавӣ дар барномаҳои инвеститсионӣ, лоиҳаҳои ба рушди инфрасохтории шаҳр нигаронидашуда ва ташкили корхонаҳои хурди муштараки саноатӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои Шафқат Сайидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе, ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ширкатҳои фаронсавӣ минбаъд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи шаҳрдорӣ дар тендерҳои кушоди байналхалқии аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе эълоншаванда ширкат хоҳад намуд: «Хулоса гардид, ки ояндаи наздик форуми соҳибкорони Фаронса ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад».
Ба ҷуз ин, иброз шуд, ки тибқи тартиби маъмулӣ масъалаи бастани паймони бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Парижро низ баррасӣ менамоянд.
Мӯҳр