Риштаи умри яке аз олимони дини ислом, рӯҳонии бонуфузи Тоҷикистон, домулло Муҳаммадии қумсангирӣ (Саидаҳмадов) дар синни 90 солагӣ канда шуд.
Тавре Саъдӣ Дагӣ, яке аз шогирдони домуллои марҳум ба Озодагон иттилоъ дод, вақтҳои ахир мулло Муҳаммадӣ аз бемории тӯлонӣ азият мекашид ва субҳи имрӯз (22-юми ноябр) дар манзили зисташ- деҳаи Қизил Нишон аз дунё даргузашт. Гуфта мешавад, домулло Муҳаммадӣ аз фарзандони шайх Сайид Аҳмад аст, ки дар қаламрави Ҳойити водии Қаротегин ба дунё омадааст.
Саводи ибтидоӣ ва дониши аввалияи диниро ӯ аз олимони маъруфи давр, мисли Қозӣ Абдурашид гирифтааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳи ҳазорҳо тан гурезагони тоҷик тарки кишвар карда, ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафта буд.
Ҷанозаи домулло Муҳаммадӣ фардо, 23-юми ноябр, баъди намози ҷумъа дар масҷиде, ки худи ӯ дар эъмораш нақши муассир дошт, баргузор мешавад.
Мӯҳр