Ин миқдор маводи мухаддир дар вилояти Суғд аз ҷониби кормандони милиса дарёфт гардидааст.
Тавре ба хабарнигори Озодагон дар РКД-и вилоят иттилоъ доданд, аснои гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз тарафи кормандони милиса автомашинаи тамғаи «Субаро-Легасӣ», таҳти идораи сокини 42-солаи пойтахт Х.А. боздошта шуд: «Ҳангоми кофтукови автомашинаи мазкур аз нишастгоҳи мусофирон 2 халта, ки дар дохили онҳо 8 баста мавҷуд буд, дарёфт ва мусодира карда шуд».
Маводи мазкур навъи ҳероин буда, вазни хоси он 7 кг 630 грамро ташкил намуд.Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр