Масоили марбут ба энергетика ва рушди соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз вазорати умури хориҷа ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки рӯзи 16- июн муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов вакили парлумони Олмон, ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои энергетикӣ, спикери иқтисодии фраксияи ҳизби ҳокими Бундестаг, доктор Йоахим Пфайфферро ба ҳузур пазируфт. Зимни ин мулоқот, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва ҷумҳурии Федеролии Олмон, аҳамияти минтақавӣ доштани лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, зарурияти тақвият додани инфрасохтори коммуникатсионии минтақавӣ, масъалаҳои экологӣ, вазъият дар Афғонистон муҳокима гардиданд. Низомиддин Зоҳидов дар поёни ин нишаст, маълумоти муфассал оид ба лоиҳаҳои энергетикию коммуникатсионӣ ва мавқеи Тоҷикистон доир ба ин лоиҳаҳоро ба ҷаноби Пфайффер пешниҳод сохт.
Мӯҳр