Ҷасади марҳумро пас аз 14 рӯзи фоҷиа сагҳо берун кашиданд ва баъд аз ин ҳодиса маълум шуд.
Тавре ба хабарнигори Озодагон аз раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, ҷасади марди ҷавон бо аломатҳои марги маҷбуриву дастони баста, рӯзи 14-уми ноябр дар ҳудуди ахлотҷои шаҳри Конибодом дарёфт гардидааст. Муайян карда шуд, ки фавтида сокини ҳамин шаҳр Сӯҳроб Сулаймонови 28-сола мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят Фирдавс Сулаймонови 30-сола боздошт шудааст. Гуфта мешавад, тақрибан соати 22-и шаби 30-юми октябри соли равон Фирдавс Сулаймонов бародарашро, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, даст ба пушт баста, ӯро ба ахлотҷо оварда, дар чуқурии 1 метра мепартояд ва сипас аз болояш хок бор мекунад.
Аз рӯйи ин далел тибқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, мақомоти тафтишот то ҳанӯз сабаби чунин амали бераҳмонаи бародар нисбати бародари ҳамбатни худро ошкор накардаанд.
Мӯҳр