Вазири хориҷаи Амрико, ки барои гуфтугӯ бо мақомоти Исроил дар бораи ҳамалоти ахири Ғаза сарзаминҳои ишғолӣ сафар кардааст, бори дигар ба тааҳҳуди халалнопазири Амрико ба амнияти режими саҳюнистӣ таькид кард
Ба гузориши Форс, Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико дар дидор бо Бенёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ бар тааҳҳуди Амрико ба амнияти Исроил таькид кард ва онро устувор ва ғайри мутазалзил тавсиф кард. Бар асоси ин гузориш вазири хориҷаи Амрико дар идома гуфт Амрико хушҳол аст ки сомонаи гунбади оҳанин Исроил ба хубӣ амал мекунад
Дар ин дидор, нахуствазири Исроил гуфт, талошҳои дипламотик барои расидан ба як роҳи ҳалли ниҳоӣ дар Ғазаро тарҷеҳ медиҳад; вай дар айни ҳол таъкид кард: Исроил тамомии роҳи ҳалҳои мумкин барои ҷилавгирӣ аз шекили мушак ба Исроилро дар назар хоҳад гирифт Клинтон, ки соате пеш вориди Телавив шуд, қарор аст фардо дар Ромулллоҳ бо Маҳмуди Абос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин, дидор ва гуфтугӯ кунад, вай ҳамчунин зӯҳри фардо ба Миср меравад, ки дар онҷо бо Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар дидор хоҳад кард.
Мӯҳр