Шоми дирӯз, 20-уми ноябри соли равон даври 5-уми бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо оғоз гардида, айни ҳол идома дорад.
Дастаи «Спартак»-и Русия дар майдони худ аз дастаи «Барселона»-и Испания бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Пас аз ин дидор Спартак ба пуррагӣ имконияташро аз идомаи рақобатҳо дар сабқати Лигаи Аврупо аз даст дод. Акнун русҳо рӯзи 4-уми декабр охирин бозии худро дар меҳмонӣ бо португалиҳо анҷом медиҳанд, ки гуфта мешавад натиҷаи ин бозӣ барои «Спартак» аҳамият надорад, вале барои «Селтик»-и Шотландия ин вохӯрӣ ҳалкунанда маҳсуб меёбад.
Дар бозии дигар, дастаи «Селтик» дар сафар аз тими «Бенифик» бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб гардид. Пас аз ин бозӣ португалиҳо низ мисли шотландиҳо имкон пайдо карданд, то барои баромадан ба мавсими баҳории Лигаи қаҳрамонҳо бо ҳарифонашон талош намоянд. Ҳоло дар гуруҳи «Ё» «Барселона»-и Испания бо 12 хол, «Селтик»-и Шотландия ва «Бенфика»-и Португалия бо 7 хол ва «Спартак»-и Русия соҳиби 3 имтиёзӣ мебошанд.
Дар гурӯҳи «Д» бошад дастаи «Шахтёр»-и Украина дар сафар бар тими «Нордшелланд»-и Дания бо ҳисоби 5 бар 2 дастболо шуд. Дастаи «Ювентус»-и Италия дар майдони худ дастаи «Челсӣ»-и Лондонро бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб намуд. Феълан дар ҷадвали мусобиқот Шахтиёр 10, Ювентус 9, Челсӣ 7 ва Нордшелланд 1 имтиёзӣ доранд.
Бозии гуруҳи «Е», байни дастаҳои «БАТЭ»-и Белорусия ва «Лилл»-и Фаронса бо ҳисоби 2 бар сифр ба фоидаи меҳмонон-дастаи «Лилл» хотима ёфт. Бозии «Валенсия»-и Испания бо «Бавария»-и Олмон мусовӣ 1:1 анҷом ёфт. Дар гурӯҳи мазкур «Бавария», «Валенсия» соҳиби 10 имтиёзӣ буда, «БАТЭ» 6 ва Лилл бо 3 имтиёзӣ ба даст овардаанд.
Сабқат дар гурӯҳи «Ж», низ пуршиддат сурат гирифт. Тими «Галатасарай»-и Туркия бар дастаи «Манчестер Юнайтед»-и Англия бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд. Дастаи «Брага»-и Португалия дар меҳмонӣ аз «Кулжи»-и Руминия бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст хӯрд. Дар гурӯҳи мазкур «Манчестер Юнайтед»-12, «Галатасарай» ва «Кулжи» 7 ва «Брага» 3 имтиёзиро соҳибанд.
Шоми имрӯз дар доираи даври 5-уми Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо 16 дастаи дигар, аз ҷумла дастаҳои Порту» (Португалия) - «Динамо» (Хорватия), «Динамо» (Киев) - «ПСЖ» (Фаронса), «Шалке» (Олмон)- «Олимпиакос» (Юнон), «Андерлехт» (Белгия)- «Милан» (Италия), «Зенит» (Русия) - «Малага» (Испания), «Аякс»-и (Ҳоланд) - «Борусия» (Олмон), «Манчестер С» (Англия) «Реал М» (Испания) бо ҳам рақобат мекунанд.
Мӯҳр