Дар иттилоияи «Алқоида», ки як сомонаи исломгароён нашр кардааст, гуфта мешавад, ин шабака бо раҳбарии Завоҳирӣ "ҷиҳод алайҳи Амрико ва Исроил»-ро идома медиҳад. Дар иттилоияи мазкур аз ҳамаи мусулмонон хоста мешавад, ки ба ҷиҳод алайҳи "куфор", бахусус, ИМА, Исроил ва тарафдорони онҳо бипайванданд. "Ҷиҳод то замони хуруҷи тамомии лашкариёни куфр аз билоди исломӣ идома хоҳад ёфт», -омадааст дар иттилоия. Дар қисмати дигари иттилоия, ки ба таҳаввулоти кунунӣ дар минтақаи Ховари Миёна ва шимоли Африқо марбут аст, гуфта мешавад, ки: "Ҳимояти худро аз қиёми бародарони мусулмон ва мазлум эълом медорем, ки алайҳи раҳбарони мустабид ва фосид дар Миср, Тунис, Либӣ, Яман, Сурия, Марокаш меҷанганд». Шабакаи «Алқоида» аз мухолифони ҳукумат дар ин кишварҳо хостааст ба муборизаи худ то сарнагунии "режимҳои фосиде, ки Ғарб бар сарзаминҳоямон таҳмил кардааст" идома диҳанд.
Айман Завоҳирӣ яке аз шахсони наздики террористи №1 Усома бин Лодин шинохта мешуд. Гуфта мешавад, амалиётҳои асосии «Алқоида»-ро ӯ тарроҳӣ ва созмон медодааст. Барои сари ӯ ИМА 25 миллион доллар ҷоиза ваъда карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Амрико эълом кардааст, ки Завоҳирӣ низ аз паи бини Лодин хоҳад рафт.
Як сарҳанги ИМА гуфтааст, нерӯҳои кишвараш бо шеваи мушобеҳи амалиёти зиди Лодин Завоҳириро маҳв хоҳанд кард.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |