Китобхонаи Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Америка омодааст барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба ба Китобхонаи миллӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳо тавассути ЮНЕСКО тавсияҳои заруриро пешниҳод намояд.
Ин нукта зимини мулоқоти Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар Америка бо Мари-Ҷейн Диб, сардори бахши Африка ва Ховари миёнаи Китобхонаи Конгресси ИМА иброз гардид.
Аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттиллоъ доданд, ки дар ҷараёни ин мулоқот Нуриддин Шамсов ҷиҳати ифтитоҳи бузургтарин Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва оид ба китобу захираҳои электронии он маълумот додааст: « Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани ҳамкории амалӣ миёни Китобхонаи Конгресси ИМА ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад».
Мари-Ҷейн Диб зимни ин нишаст иброз доштааст, ки Китобхонаи Конгресси ИМА бо як қатор китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судмандро ҷиҳати амалисозии китобхонаи рақамии ҷаҳонӣ пиёда кардааст.
Манбаъ мегӯяд, дар анҷоми мулоқот ҷониби Тоҷикистон якчанд китоб ва асарҳои муаллифони тоҷикро ба Китобхонаи Конгресс тақдим кард.
Инчунин тасмим гирифта шуд, ки дар оянда табодули намунаҳои асарҳои илмиву фарҳангӣ миёни ҷонибҳо ва ташкили маросимҳои фарҳангии муштарак дар Китобхонаи Конгресс ба роҳ монда шавад.
Мӯҳр