Ҷаласаи кории Шӯрои тандурустӣ дар назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё «Дар бораи ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба назорат ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ» баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ба Озодагон иттилоъ доданд,ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустӣ дар Душанбе сурат гирифт: «Дар ин ҷаласа масъалаҳои бемориҳои саратон, диабети қанд ва осеббардорӣ муҳокима шуданд».
Гуфта мешавад, дар ин нишаст намояндагон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Иштирокдорони ҷаласаи корӣ лоиҳаи Созишнома оид ба пешгирӣ намудани сабабҳои бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардориро дар доираи ҳамкориҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таҳия карда, барои баррасӣ ба ҷонибҳо пешниҳод намуданд.
Манбаъ афзӯд, гурӯҳи корӣ масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласа воридшударо баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул кардааст.
Дар назар аст, ҷаласаи навбатии Шӯрои тандурустӣ дар назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 10-уми декабри соли равон дар шаҳри Москва баргузор гардад.
Мӯҳр