То анҷоми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки ба он ҷавонони синну соли аз 18 то 27 сола сафарбар карда мешаванд, 10 рӯзи дигар боқӣ монд.
Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиа ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, айни замон 97 дарсади нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шудааст: «ВМКБ дар байни дигар шаҳру навоҳии кишвар аввалин шуда аз иҷрои пураи нақшаи даъват гузориш доданд. Ҳамчунин, вилояти Хатлон 100% нақшаро иҷро кардааст, дар чор ноҳияи пойтахт низ нақша 100% иҷро гардидааст».
Вилояти Суғд , иҷрои нақшаро ба 98 дар сад баробар намудааст, дар комиссариатҳои ҳарбии навоҳии тобеъи марказ бошад, нишондоди даъват ба 91 дарсад расидааст.
Ёдрас менамоем, ки даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр, яъне тайи ду моҳ идома мекунад.
Мӯҳр