Ҳаракати «Ҳамос»-и Фаластин мегӯяд, ки дар шашумин рӯз аз ҳамалоти Исроил ба навори Ғазза ҳамлаи мушакӣ ба сохтмоне, ки хабарнигорон дар он мустақар будаанд, ду нафар кушта ва се нафар захмӣ шудаанд.
Ба қавли манбаъ, Пресс Тӣ-Вӣ (Press TV), Скай Нюз (Sky News) ва Алъарабия аз ҷумлаи расонаҳое ҳастанд, ки дар ин сохтмон намояндагӣ ва қароргоҳ доштаанд.Дар ҳамин ҳол, яке аз табибоне, ки аз овардани номаш худдорӣ варзидаааст, ба дафтари Бӣ-Бӣ-Сӣ ташриф оварда, кушта шудани як нафарро дар ин ҳамла дар Ғазза тайид кардааст.
Гуфта мешавад, рӯзи гузашта ҳам Исроил як сохтмони маҳалли истиқрори хабарнигоронро мавриди ҳамла қарор дода буд.
Мӯҳр