Ширкати «Талко» талош дорад, то бо истифода аз гази дохилӣ фаъолияти худро ба роҳ монад.
Дар ин бора ба «Озодагон» Игор Сатторов, раҳбари департаменти иттилоот ва таҳлилии ин ширкат хабар дод. Ба иттилои ӯ, дар ҳоли ҳозир ширкати «Талко» 70 дарсад бо гази дохилӣ таъмин буда, танҳо 30 фисади гази моъеро аз Узбакистон мегирад. Барои вобаста набудан аз гази Тошканд дар тобистони соли равон масъулини ширкати «Талко» тасмим гирифтанд, дар дохили корхонаи мазкур заводи хурди коркарди газро аз ангишт бунёд намоянд. Корхонаи мазкур дар моҳи октябр ба фаъолият шурўъ кардааст.
Ба иттилои масъулини «Талко», тасмими бунёди корхонаи коркарди газ аз ангишт баъди таҳдидҳои Ӯзбакистон дар мавриди комилан қатъ кардани интиқоли газ аз сар гирифта шудааст.
Мӯҳр