Дар назар аст, рӯзҳои 22-23 уми ноябри соли равон дар Душанбе Ҷаласаи 8-уми гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардад.
Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттиллоъ доданд, ки дар ҷаласаи мазкур миёни ҷонибҳо роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ масъалаҳои мухталиф , аз ҷумла рафти иҷроиши ҳолатҳои дар меморандум дарҷгардида, вазъияти феълии муҳоҷирати меҳнатӣ, расонидани кӯмак ба Марказҳои омӯзишгоҳҳои касбӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, матраҳ хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, масъалаи тафоҳумномае, ки миёни ин ду кишвар дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки санаи 5-уми октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, дар ин ҳамоиш баррасӣ мегардад.
Манбаъ мегӯяд, таъсисӣ филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ, Донишгоҳи давлатии Техникии Қазон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати Русия, аз мавзӯҳоест, ки дар ин нишаст сари он табодули афкор миёни тарафҳо сурат хоҳад гирифт.
Мӯҳр