Режими саҳюнистӣ дар ҷинояте ваҳшиёна 14 нафар аз аъзои як хонаводаро дар ҳамлаи мушакӣ ба хоку хун кашид, ки се нафар аз онон зан ва 5 кўдак буданд.
Ба гузориши "Форс", саҳюнистҳо дар тозатарин ҷиноёти худ зимни ҳамлаи мушакӣ ба манзили хонаводаи Алдалу, дар минтақаи Ҳаялризвон дар шимоли навори Ғазза 14 фаластинӣ аз як хонаводаро шаҳид карданд, ки се нафар аз онон зан ва 5 нафари дигар кўдак ҳастанд.
Номи бархе аз шаҳидон иборат аст аз: Таҳони Ҳасунат Алдалу, Суҳайло Алдалу, Самоҳ Алдалу ва Абдуллоҳ Ал-музнар.Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин ҷасади як кўдаки ширхори яксола ба номи Иброҳим Алдалу зери овор берун оварда шуд.
Дар ҳамлаи Исроил ба навори Ғазза аз рузи чаҳоршанбеи гузашта то кунун, 70 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 600 нафари дигар захмӣ шуданд.
Ончӣ дар зер мебинед, гӯшае аз ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза аст:
https://www.farsnews.com/newstext.php?nn=13910828001420
Мӯҳр