Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, сандуқи қарзи умумии ташкилотҳои қарзӣ дар 9 моҳи соли равон маблағи 3 миллиарду 842 миллион сомониро (нетто) ташкил намуд, ки ин нишондод нисбат ба охири соли гузашта ба андозаи 134 миллион сомонӣ ё 3,6% зиёд мебошад.
Вале дар баробари афзоиши чунин нишондод намояндагони бонки мазкур иброз намуданд, ки мувофиқи маълумотҳои пешниҳодшуда сифати қарзҳои соҳаи тиҷоратӣ ва кишоварзӣ бад шуда истодааст.
Гуфта мешавад, вазни қиёсии қарзҳои таснифшуда ба андозаи 3,2% зиёд шуда, дар санаи 30-уми сентябри соли 2012 маблағи 714 миллион сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба охири соли гузашта 157,6 миллион сомонӣ ё 28,3% афзоиш ёфтааст.
Мӯҳр