Дар ин бора Маҳмурод Ризоев, падари маҳбус Сунатулло Ризоев аснои сӯҳбат бо Озодагон иброз дошт.
Номбурда гуфт: «Ду рӯз қабл бо писарам тариқи телефон гуфтугӯ доштам. Бачам мегӯяд, падарҷон Худо накунаду ба ман ягон ҳодиса рух диҳад, ҳаргиз бовар накунед, ки ман худкушӣ кардаам».
Ризоев афзуд, аз рӯи нақли писарам ҳолати саломатиаш нохуб буда, аз вуҷудаш хун меравад, аммо то ҳанӯз ба ӯ ёрии тиббӣ нарасонидаанд: «Маҳбаси рақами 23-и шаҳри Хуҷанд маъруф бо «Гуантанамо» шароити хуб надорад. Баъди ин қадар латукӯб боз ба корҳои махсус маҷбур мекунанд, дар ҳолати саркаши кардан аз фармонҳои онҳо нисбати мо чораҳои дигар андешида мешавад».
Маҳмурод Ризоев пас аз изҳори нигаронии зиёд илова кард, ки дигар чорае намебинам ва бинобар ин тасмим гирифтам, ки ба ВАО муроҷиат кунам, то ба ин васила ҳарфи фарзандони мо то президент расад: « Ба ҳар куҷое муроҷиат кардем, касе ба додамон нарасид. Ҳатто ҷавоби мактубамонро аз прокуратураи генералӣ нагирифтаем. Ман мехоҳам, ки баъд аз адои ҷазо фарзандамро солим дарёбам, на ин ки ӯро маъюб карда ба ман супоранд».
Маврид ба ёдоварист, маҳбус Суннатулло Ризоев зимни як сӯҳбати телефонӣ ба падараш дар бораи чӣ гуна ҳалок шудани Ҳамза Икромзода нақл карда гуфтааст, ки ӯ дар натиҷаи азобу шиканҷаи зиёди чанд корманди маҳбасхонаи рақами 1-и Душанбе ба ҳалокат расид. Маҳмурод Ризоев аз қавли Сунатулло мегӯяд, писараш дар ҳақиқат инро дидааст ва намехоҳад аз гуфтани сухани рост сар печад.
РS:Ду ҳафта қабл аз ин, беш аз 20 нафар волидайни маҳбусоне, ки аз маҳбасхонаи №-1-и Душанбе ба маҳбасхонаи №-23-и шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтанд, барои додхоҳӣ дар назди бинои Прокуратураи генералӣ гирд омада , аз вазъи саломатӣ ва будубоши пайвандонаш нигаронӣ карда буданд.
Мӯҳр