Дар шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина ҷаласаи навбатии роҳбарони шабакаи ташкилотҳои худтанзимкунии фаъолияти журналистии кишварҳои узви ИДМ доир гардид.
Тавре аз дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба Озодагон хабар доданд, дар кори ин ҷаласа ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва Украина иштирок доштанд.
Дар ибтидои ҷаласа Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ҳозиронро бо раванди механизми худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон ва нақши Шӯрои ВАО дар мавриди қазияҳои матбуотӣ ошно намуд.
Таъкид гардид, ки муддати начандон тӯлонии фаъолият, шӯруъ аз соли 2009 Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар баробари баррасии шикояти шахсони ҳуқуқиву воқеӣ силсилачорабиниҳоеро дар манотиқи кишвар доир намуд ва барои муаррифии ниҳоди танзимкунии фаъолияти журналистӣ иқдом намуд.
Манбаъ мегӯяд, иштирокчиёни ҷаласа масоили марбут ба эҳтироми ҳаёти шахсӣ дар навиштаҳои ВАО-ро дар мисоли таҷрибаи Украина баррасӣ карданд: «Роҷеъ ба тавсеаи фаъолияти шӯроҳои матбуотӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар нигоштаҳои кормандони ВАО табодули назар сурат гирифт».
Ёдовар мешавем,шабакаи ташкилотҳои худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ соли 2011 дар шаҳри Маскав бо ҳузури намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Федератсияи Руссия, Тоҷикистон ва Украина таъсис ёфтааст ва ба манзури рушди муносибатҳои байналмилалии раванди механизми худтанзимкунӣ дар ВАО фаъолият мекунад.
Мӯҳр