Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар дар кӯчаи Синои шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов маводи нашъадор дарёфт шуд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт Одил Тоирови 32-сола, сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир гардидааст.
Манбаъ афзуд, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалатаи ӯ 1 килою 957 грамм маводи мухаддири навъи афюн ва 46 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр