«Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки ин намуди варзиш ба саломатии варзишгарон ҳеч осеб намерасонад, вале нисбат ба дигар намудҳои варзиш вазнин аст».
Дар ин бора, Саидалӣ Уразалиев, президенти Федератсияи муҳорибаи омехта дар Тоҷикистон зимни як сӯҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Озодагон иброз дошт. Ба қавли ӯ, аммо ин навъи варзиш ҳам, мисли намудҳои варзиш қоидаҳову шартҳои худро дорад: «Барои мисол, дар муҳорибаи омехта газидани ангушт, кофтани чашм, аз мӯи сари ҳариф кашидан, ба узвҳои мардонагӣ расидан, зарба аз паси сар манъ аст…»
Ӯразалиев мегӯяд, ҳаводорони ин навъи варзиш рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд. Номбурда афзуд: «Дар маҷмӯъ, дар саросари кишвар ҳудуди 3000 нафар ҷавонон ба машқу тамрин машғуланд»...
Мӯҳр