Генерал-майор Кен Тово, фармондеҳи амалиёти махсуси фармондеҳии марказии ИМА ба Тоҷикистон ташриф овард.
Аз шӯъбаи равобит бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки генерали амрикоӣ зимни сафари худ бо намояндагони расмии ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Амрико мулоқот намуда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва манфиатҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар чорчӯбаи сафараш ба Тоҷикистон генерал-майор Тово бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот вохӯрд ва масоили ҳамкориҳои минбаъдаи ҳарбии ду кишварро матраҳ намуданд.
Гуфта мешавад, муносибатҳои Фармондеҳии амалиёти махсус (SOCCENT) ва қувваҳои фармоиши махсуси Тоҷикистон мавриди баррасии ҷонибҳ қарор гирифтанд.
Манбаъ мегӯяд, генерал-майор бо масъулини баландпояи ҳарби вохӯрӣ баргузор намуд, ки ҳангоми он омодагии Фармондеҳии амалиёти махсусро дар таъмини сулҳу субот ва бехатарӣ дар Тоҷикистон таъкид кард.
Мӯҳр