Рӯзи гузашта бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар Қасри варзишии «Ҷашнӣ»-и маркази вилоят мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо баргузор гардид.
Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон аз шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, дар расми ифтитоҳи мусобиқа намояндаи Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ, мудири шӯъбаи ташкилии кумиҷроияи вилоятии ҳизб Сарфароз Юнусов баромад карда, варзишгарон ва иштирокчиёни чорабиниро аз номи раёсати кумиҷроияи вилоятии ҳизб ва шахсан аз номи раиси кумиҷроияи вилоятӣ Даврон Зоҳидов таҳният гуфт.
Ба қавли манбаъ, сарпарасти мусобиқа ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» аст. Роҳбари минтақавии ин ширкат Парвиз Зеваров низ ба сухан баромада, афзуд, ки ширкати онҳо иқдомҳои некро, ки ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ахлоқҳои ҳамида нигаронида шудааст, ҳамеша дастгирӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур беш аз 100 нафар варзишгарон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, ҳамчунин аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард. Мусобиқа чаҳор рӯз идома хоҳад кард. Ғолибон бо мукофотҳои махсуси таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва сарпарастон тақдиронида хоҳанд шуд.
Мӯҳр