Арзиши як литр бензин дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт нисбат ба бозори «Бекобод» ҳамсарҳад бо Зафарободи Ӯзбакистон беш аз 2 маротиба гарон ба фурӯш гузошта шудааст.
Аз ташкилоти «Агро-информ»-и Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки нархи як литр бензин дар бозори «Бекобод» 2 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад, вале тоҷирони бозори «Шоҳмансур» ин навъи сӯзишвориро ба ҳисоби миёна 6 сомонию 50 дирам мефурӯшанд: «Нархи аз ҳама гарони бензин дар бозори марказии ноҳияи Рашт ва бозори марказии шаҳри Хоруғ мушоҳида карда шуд, ки дар он ҷо як литр бензин ба нархи 6 сомонию 80 дирам ба фурӯш гузошта шудааст».
Масъулини «Агро-информ» иброз медоранд, ки аз ҳама нархи арзони бензин пас аз бозори «Бекобод» дар бозори «Бӯка» ҳамсарҳад бо Мастчоҳ (Ӯзбакистон)мушоҳида гардид, ки як литри он ба маблағи 3 сомонию 20 дирам ба фурӯш гузошта шудааст.
Мӯҳр