Ин бозии даври 26-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон буда аз рӯи тақвими мусобиқа мебист рӯзи 18-уми ноябр баргузор мешуд.
Аммо бо дархости ҳар ду даста ва бо розигии Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 15-уми ноябр, дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт бо иштироки сершумори ҳаводорони футбол барпо гардид.
Дэвид Мауто, бозигари дастаи «Равшан» дар дақиқаи 10-уми нимаи авали дидор ҳисобро боз намуд (0:1). Течи Соломон, бозигари дигари даста дар дақиқаи 21-ум голи дуюмро вориди дарвозаи ҳариф намуда,нимаи аввали бозӣ бо ҳамин ҳисоб поён ёфт.
Ҳусейни Моҳрухӣ бошад, дар дақиқаи 68-уми нимаи дуюми сабқат голи сеюмро ба ҳадаф расонид (0:3).
Мӯҳр