Фармондеҳи амалиёти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Кен Тово ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тибқи иттилои сафорати ИМА дар Душанбе, генерали амрикоӣ аснои боздидаш аз Тоҷикистон бо намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вохӯрда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва манфиатҳои минтақавро баррасӣ намуд.
Ба қавли манбаъ, дар чорчӯбаи сафараш ба Тоҷикистон генерал-майор Тово бо Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт низ дидор дошт ва онҳо масоили ҳамкориҳои минбаъдаи ҳарбии ду кишварро, аз ҷумлаи муносибатҳои Фармондеҳии амалиёти махсус (SOCCENT) ва Қувваҳои фармоиши махсуси Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтанд.
Ба ҷуз ин, ҷаноби Тово бо масъулини баландпояи низомии Тоҷикистон мулоқот карда, омодагии Фармондеҳии амалиёти махсусро дар таъмини сулҳу субот ва амният дар Тоҷикистон таъкид намуд.
Мӯҳр