Дар Сугд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати 7 нафар сокинони вилоят, ки бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо «Ҳизб-ут-таҳрир» гумонбар дониста мешаванд, оғоз мегардад
Тавре ба хабарнигори Озодагон дар додгохи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ин мурофиа рӯзи 19 ноябр дар толори суди шаҳри Хуҷанд шурӯъ хоҳад шуд. Ба иттилоъи манбаъ, дар байни онҳо се нафар зан ва як нафар ноболиғ низ ҳастанд: «Чор нафари онҳо бошанд, аъзои 2 оила-модар ва писар мебошанд.Онҳо бо гумони ҳамкорӣ бо «Ҳизб-ут-таҳрир» гумонбар дониста шудаанд».
Тибқи иттилои манбаъ, онҳо аз соли 2000-ум ихтиёрӣ шомили ин ҳизб шуда, бо тарғибу ташвиқи идеяҳои он машғул шудаан, ба замми ин варақаҳои дорои хусусияти экстремистӣ доштаро паҳн мекарданд.
Мӯҳр