Конфронси Миллии “Ҷанбаҳои дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба адолати судӣ дар Тоҷикистон” бо иштироки зиёда аз 100 намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзи 15 ноябри соли 2012 дар маркази Вефа баргузор мегардад.
Дар конфронос натиҷаҳои тадқиқоти “Масъалаҳои ҳуқуқии табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар Тоҷикистон”, ки соли 2012 гузаронида шуд, пешниҳод карда мешавад.
Ҳамчунин, дар рафти конфронс суханҳои ифтитоҳӣ аз ҷониби Назира Ғаффорова, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оиди корҳои дини назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайрулло Ғафуров, роҳбари клиникаи ҳуқуқии ДМТ пешниҳод карда мешаванд. Ғайр аз ин, маърӯзаҳои намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ низ оварда мешавад.
Мақсади асосии конфронс муҳокимаи масъалаҳои дастрасӣ ба адолати судии табақаҳои осебпазири аҳолӣ роҳҳои кушод намудани дастрасӣ ба адолати судӣ, аз он ҷумла занони деҳот, кӯдакон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон мебошад. Он дар ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Шӯрои адлияи ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Барномаи “Баробарӣ дар назди қонун: дастрасӣ ба адолати судӣ дар Осиёи Марказӣ” аз тарафи Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ ва Хазинаи Аврупо-Осиё бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ гардонида мешавад. Мақсади барнома соддатар гардонидани дастрасӣ ба адолати судӣ байни табақаҳои осебпазири аҳолӣ, бо роҳи муқоиса намудани қонунгузории миллӣ бо стандартҳои байналхалқӣ ва баланд намудани таъсирнокии қонунгузории миллӣ барои бартараф намудани душвориҳои ҳуқуқӣ мебошад. Барномаи мазкур дар панҷ ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз июли соли 2011 амалӣ гардонида мешавад.
Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ – ташкилоти ҷамъиятӣ буда, соли 2005 бо мақсади иҷро намудани ташаббусҳо барои беҳтар намудани фаъолияти шаҳрвандӣ, рушди соҳибкории инфиродӣ, маориф дар Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр