Андрей Шевелев, дар рӯйхати кадрҳои эҳтиётии райисҷумҳури Русия ҷойгир буда, соли 1995 унвони Қаҳрамонии ин кишварро барои иштирок дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Чеченистон соҳиб гардидааст. Ӯ дар соли 1970 дар шаҳри Белий Калинини вилояти Твер ба дунё омада, хатмкардаи омӯзишгоҳи низомии суворовӣ ва мактаби олии ҳавонавардии Рязан аст. Ду маротиба депутати Думаи Давлатӣ интихоб шуда, соли 2008 муовини губернатори Рязан таъин гардида буд.
Расонаҳои Русия дар мавриди истеъфои Дмитрий Зеленин, собиқ губернатори Твер ахиран маводи зиёде ба нашр расонида буданд. Аз ҷумла гуфта мешуд, ки Зеленин узвияташро дар ҳизби ҳокими «Русияи Воҳид» (Единая Россия) қатъ кардааст. Ҳамчунин, гӯё ӯ дар блоги шахсияш тирамоҳи соли гузашта навиштааст, ки «дар Кремл аснои меҳмондорӣ газак бо кирмҳои зиндаи баҳорӣ пешкаш мекунанд».
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |