Масъулини Бонки миллии Тоҷкистон мегӯянд, давоми даҳ моҳи соли равон яке аз нишондиҳандаҳои муҳим – таваррум чун пештара дар сатҳи муътадил қарор дошта, 6,1 фоизро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ паст мебошад.
Нишондиҳандаи мазкур дар моҳи сентябр ба 0,5 фоиз баробар шуда, дар давоми як соли охир 6,5 фоизро ташкил намудааст.
Тибқи иттилои бонки мазкур, меъёри бозтамвил чун яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, тайи се моҳи охир бе тағйир дар сатҳи 6,5 фоиз қарор дорад.
Мӯҳр