Бахшҳо

Хадамоти муҳоҷират: Дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем

«Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он», таҳти чунин унвон давоми беш аз 1 моҳ корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ бо хонандагони  макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе силсиланишатҳо баргузор гардид.

Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки ин гуна мулоқотҳо миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии  №7, 10, 93, 82, 49, 51, 41, 28, 55, 35, 44, 52 ва 60-и пойтахт доир шуд, ки дар маҷмӯъ 2309 нафар хонандаро фаро гирифт.

Масъулини хадамоти мазкур ҳадаф аз баргузории чунин сӯҳбату вохӯриҳоро бо мактаббачагон- касбомӯзӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва касбҳои замонавӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз қобили забони русӣ, англисӣ, немисию арабӣ, инчунин донистани масъалаҳои ҳуқуқии давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар унвон намуданд: «Дар ҷараёни вохӯрӣ  кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, урфу одати давлати қабулкунанда, фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии он дар Федератсияи Россия маълумоти муфассал дода, китобчаҳои роҳнамои муҳоҷирон, диск дар мавзӯи «Пеш аз сафар бидон» ва бархе аз маводҳое, ки доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия шудаанд, ба мактаббачагон супорида шуданд».

Гуфта мешавад,  Хадамоти муҳоҷират тасмим гирифтааст, тибқи нақшаи хадамот  дар якҷоягӣ бо масъулини Вазорати маорифи кишвар ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, сафарҳои гурӯҳи корӣ оид ба гузаронидани вохӯриҳо дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ байни мактаббачагон баргузор намояд.



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)