Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Никитюк Виктор Олегович, сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Тоҷикистон мулоқот намуд.
Нуралӣ Шоқурбонов, сухангӯи вазорати мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар ин нишаст Раҳимзода аз рушди бемайлон касб намудани муносиботи гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Украина ёдовар шуда, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф самараи нек арзёбӣ намуд.
Никитюк Виктор Олегович дар навбати худ қайд намудааст, ки ҳамчун сафир баҳри рушди муносибот дар соҳаҳои гуногун бо Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо ибрози андеша намуданд.
Мӯҳр