Амороти муттаҳидаи арабӣ, ки яке аз туриститарин кишварҳои Ховари Миёна маҳсуб мешавад, дорои 5 ҳазор масҷид аст, ки ҳаштумин масҷиди бузурги ҷаҳонро низ шомил мешавад.
Хабаргузории "Форс" менависад: фақат дар Дубай 1418 масҷид вуҷуд дорад. Масҷиди калони Шайх Зоид Оли Наҳён бузургтарин масҷиди ин кишвар ва ҳаштумин масҷиди бузурги ҷаҳон аст, ки ба яке аз манотиқи туристии ҷаҳон табдил шудааст. Бузургтарин фарши ҷаҳон, ки тавассути Алии Холиқӣ - ҳунарманди эронӣ тарроҳӣ ва дар Эрон бофта шудааст, дар ин масҷид ҳаст, ки ғунҷоиши он 40 ҳазор нафар мебошад.
Мӯҳр