Маҳалли наздик ба қароргоҳи сарвари Либия мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифт.
Бино ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ субҳи барвақти имрӯз ҷангандаҳои низомии НАТО ба Троблус, пойтахти Либия, ки Муамар Қаззофӣ маскан дорад, ҳуҷум карданд. Дар бораи хисороти расида ва талафоти ҷонӣ айни замон иттилои дақиқ дода намешавад. Ҳукумати сарҳанг Қаззофӣ низ дар ин бора шарҳе надодааст.
Бритонияи Кабир ва НАТО хостаанд, то замони суқути Қаззофӣ, амалиёти низомӣ алайҳи ӯ идома ёбад, вале кишварҳои узви Иттиҳодияи Африқо даъват кардаанд, “ҳамалоти ҳавоӣ фавран муттавақиф шавад”, то шароит барои таъмини ғайринизомиёни Либия маводи лозимӣ фароҳам гардад.
Мӯҳр