Як сониҳаи нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон ҷони як нафарро гирифт.
Тавре ба хабарнигори Озодагон аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, Манон Абдулхайров, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мусо», сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи 31-уми шаҳр аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори гардишгоҳи тарабхонаи «Ягодка» бармехӯрад. Мошин назди бинои маркази тиббии «Ҳамшираҳои шафқат» чаппа шуда, дар натиҷа ронандаи 38 сола ба ҳалокат мерасад.
Мӯҳр