Имрӯз, 13-уми ноябр шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамшарикии Вазорати маориф ва Маркази миллии тестӣ дар Маркази тиҷоратии «Вафо»-и шаҳри Душанбе оид ба масоили рушди шабакаи ягонаи миллии тестӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ мизи гирд баргузор баргузор хоҳад шуд.
Аз институти мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин ҳамоиш масоили мавҷуда роҷеъ ба Шабакаи ягонаи милии тестӣ матраҳ мегардад.Гуфта мешавад, ин нишаст ба Маркази миллии тестӣ ва шарикони вай имкон медиҳад, ки нигориши пешравиашонро тайёр карда, омодагии ҳамаи секторҳоро барои ҷорӣ намудани шабакаи нав баҳогузорӣ намоянд: «Ин мизи гирд дар ояндаи наздик ба Маркази миллии тестӣ барои такмили нақшаҳояш ва маъмурият таҷрибаи бузурги шабакаи умумии қабул, ки дорои имтиҳони ягонаи дохилшавӣ аст, кӯмак мекунад. Истифодаи аввалин шабакаи умумии қабул дар соли таҳсили 2013 -2014 сурат мегирад. Имтиҳони ягонаи дохилшавӣ бошад тобистони соли 2014 шурӯъ мегардад».
Манбаъ мегӯяд, дар мизи гирд намояндагони зинаҳои гуногуни соҳаи маориф, таҳиягарони тестҳо, намояндаҳои дастгоҳи президент, дигар вазорату идораҳо, созмонҳои байналхалқӣ ва мушовирони байналхалқӣ аз созмонҳои Hawkers Associates Ltd, Anglia assessment LTD иштирок мекунанд.
Мӯҳр