Ду бозигари «Энергетик» ва як бозигари «Истаравшан» ҳар кадом ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, барои як соли аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шуданд.
Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон нисбати гунаҳкорони бозии «Истаравшан» ва «Энергетик» чунин тасмим гирифтааст: Миралӣ Муродов ва Сафархон Мирзоев, бозигарони дастаи «Энергетик», барои даст доштанашон дар латукӯби сардовари бозӣ Баҳром Саъдуллоев ба мӯҳлати як сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум шуда, ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҳар кадоме ҷарима мешаванд.
Шодибек Ғаффоров, Умед Чоршанбиев, Павел Калугин, бозигарони дигари дастаи «Энергетик» низ барои латукӯби сардовар аз 10 бозӣ маҳрум ва ҳар кадом 5 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд.
Роҳбарияти клуби футболи «Энергетик» барои ахлоқи ғайриварзишӣ, кори пасти тарбиявӣ, ширкати бозигарони даста дар лату кӯби сардовар 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, дар сурати такрор шудани чунин ҳолат нисбати онҳо чораҳои қатъӣ, то аз мусобиқаи қаҳрамонии кишвар хориҷ кардани даста, дида хоҳад шуд.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бошад, барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ширкаткунандагони бозӣ аз гузаронидани 2 бозии чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон маҳрум ва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шавад.
Беҳзод Мӯсоев, бозигари дастаи «Истаравшан», барои иштирок дар лату кӯби бозигари дастаи «Энергетик» ба мӯҳлати як соли аз ҳаққи ширкат дар мусобиқа маҳрум ва ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҷарима шавад.
Роҳбарияти клуби футболи «Истаравашан» барои ахлоқи ғайриварзишӣ, кори пасти тарбиявӣ, иштироки бозигарони даста дар задухӯрд бо бозигарони дастаи «Энергетик» ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, дар мавриди такрори чунин ҳолат нисбати онҳо чораҳои қатъӣ, то аз мусобиқаи қаҳрамонии кишвар хориҷ кардани даста, дида хоҳад шуд.»
Ёдрас менамоем, ки бозии «Истаравшан»-«Энергетик», ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан чанд рӯз қабл баргузор гардид, ба иллати бетартибии мухлисону футболбозон дар дақиқаи 81-ум, ки ҳисоб 1:1 буд, қатъ шуда буд.
Мӯҳр