Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси ҳукумати кишвар як қатор роҳбарони ниҳодҳои мухталифро аз вазифа озод ва бархеро ба вазифаи дигар таъин намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, дар робита ба ин, Музаффар Исоқов, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» аз вазифа озод гардида, ба ҷои ӯро Ф.Ҳамроев ишғол намуд. Бо қарори дигар, Шодмонбеков Ф.А, муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон аз вазифа озод карда шуд ва Навҷувонов А.Ш ба вазифаи муовини вазири корҳои дохила таъин гардид.
Бо фармони президенти Тоҷикистон Саидов А. А, ки қаблан сафари Тоҷикистон дар Қирғизистон буд, аз вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Раҳимов О.С таъин гардид. Ҳакимов Р.А аз мансаби раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон барканор ва иҷрокунандаи ин вазифа Холов А.С таъин гардид.
Мӯҳр