Кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои пойтахт аз як далели куштор ба ҷони одам хабар доданд.
«Маҳмадулло Баҳодурови 39 сола, сокини кӯчаи Федини ноҳияи Сино, рӯзи 10 ноябри соли равон ба хонаи собиқ ҳамсараш Сурайё Мизоеваи 32 сола, сокини кӯчаи Маяковский омада, ҷанҷол мекунад»,-хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД.
Ба иттилои манбаъ, баъдан Маҳмадулло Баҳодуров бо корди ошхонаӣ ба қафаси сина, дасти рост, чап ва рони пои чапи собиқ ҳамсараш мезанад: «Дар натиҷа Сурайё Мизоева дар шӯъбаи эҳёгарии беморхона бистарӣ мешавад. Баъдан, Маҳмадулло Баҳодуров ба шиками худаш якчанд маротиба бо корд зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардорад ва пас аз 20-25 дақиқа ба ҳалокат мерасад».
Мӯҳр