Масъулини маркази ташхиси минтақавии ноҳияи Рашт аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар озмоишгоҳҳои ин минтақа 276 санҷиш гузаронидаанд.
Аз ин миқдор 115 -тояшро ташхиси маҳсулоти ғизоӣ ташкил медиҳад. Ба иттиллои агентии Тоҷикстандарт аз 276 ташхиси гузаронидашуда, ҳамагӣ 21 ададаш ғайристандартӣ дониста шуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта натиҷаи хуб аст. Дар озмоишгоҳҳои ин минтақа маҳсулотҳои гуногуни хӯрокворӣ, аз қабили меваю сабзавот, ғалладона, маҳсулоти қаннодӣ, обҳои нӯшокию машруботӣ ба таври дақиқ ташхис карда мешаванд. Бо вуҷуди ин ҳастанд соҳибкороне, ки бо марказ алоқаи хуб надошта, дар муомилоташон ба маҳсулоти бесифату ғайристандартӣ роҳ дода, ба истеъмолкунандагон хисорот ворид месозанд.
Мӯҳр